БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми навбатӣ ва Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Гули Зиндон” бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  вохӯрӣ  доир гардид.

Дар ҷараёни   мулоқот мавсуф  оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ барои солҳои  2020 – 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, афзуд, ки дар Паём тамоми самтҳои муҳими хоҷагии халқ  аз ҷониби  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври  мушаххас  шарҳу тавзеҳ дода шудааст, ки мо шаҳрвандони ватандӯст метавонем аз он дар фаъолияти  ҳаррӯзаамон истифода барем ва барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми худро гузорем. Дар охир  ҳамагон  даъват бар он гардиданд, ки  таҳти сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, ҷашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатиро  сазовор пешвоз гирем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg