БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ БА МАНФИАТИ МОСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш   оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Пешвои миллат ва Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025  дар маҳаллаи Хосилободи Ҷамоати шаҳраки Киров бо иштироки васеи мардум доир намуданд.

Зимнан намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми навбатӣ, Барномаи ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки онҳо фарогири  масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза мебошанд, андешаронӣ карда, сокинонро барои дӯст доштани Ватан, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ, тарбияи дурусти фарзандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, терроризму экстремизм, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ раҳнамоӣ карданд.

Сипас, аз ҷониби сокинон мулоқоти судманд дастгирии ҳамаҷониба ёфта, аз суханрониҳои пурмуҳтаво иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардоштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg