БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҶОМЕАРО АТРОФИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар маҳаллаи ба номи Дӯстӣ  вохӯрӣ  оид ба татбиқи Паёми навбатӣ ва Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 доир гардид.

Дар мулоқот мавсуф  ҷамъомадагонро бо моҳияти Паёми имсолаи Пешвои миллат ва Барномаи ҲХДТ шинос карда, қайд намуд, ки барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg