БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори хоҷагии ба номи Т.Исанқулови Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сокинон мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  иштирок дошта, дар бораи самти афзалиятноки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини  истиқлолияти  пурраи энергетикӣ, ки яке аз масъалаҳои умдаи  ҷомеа мебошад,  андешаронӣ карда, афзуд, ки  Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём  баён доштанд, ки ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем.Соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад. Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад. Бо ин мақсад мавсуфаз ҷамъомадагон даъват ба амал овард, ки   дар истифодаи самараноку сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он бетараф набошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg