БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ АРЗАНДА АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ бахшида ба Рӯзи модар вохӯрии раиси Кумитаи иҷроия Давлатҷон Ғаффорзода бо занони фаъол,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни баромад мавсуф  қайд кард, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат қайд карданд, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат дар баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем. Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани  Фармони Президенти мамлакат доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.  дар охири чорабинӣ  ба як қатор занону бонувони фаъол, ки дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми муносиб доранд, бо туҳфаҳои таъсисдодаи ҳизби ноҳия сарфароз гардонида шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg