
ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Зери ин мафҳум бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Фархор мулоқот доир гардид.
Зимни баромад намояндагони ҳизбӣ қайд намуданд, ки модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Яъне, дар замири фарзанд тарбия кардани эҳсоси садоқату самимият, некиву накӯкорӣ, хайру саховат ва ташаккули маънавии наслҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии модарони мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубон мебошад. Модар шахсест, ки шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.
Модар ҳамеша дар талош аст, ки фарзандаш солиму бардам ба камол расад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар гардад ва дар оянда ба ҷомеа хизмати шоиста намояд. Модар дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Бо ифтихор изҳор медорем, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.