БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР ФАРИШТАЕСТ, КИ ХУДОВАНД БАҲРИ МО АТО КАРДААСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба таҷлили  Рӯзи модар – 8 март  ба се нафар собиқадорони ҲХДТ ва се нафар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун туҳфаи молиявииидона  тақдим карда шуд.

Воқеан ҳам модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро ба модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд.

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст-барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Чун зан-модар худ гул аст, ҳар ҷое қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад, иброз доштанд  зимни суханронӣ намояндагони ҳизбӣ ҳангоми супоридани туҳфаҳои идона.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg