
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба Рӯзи модар аёдату дидорбинии як зумра модарони собиқадор ва фаъолзанон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён доир карда шуда, ба бонувони пешқадам, собиқадорони ҳизбу меҳнат туҳфаҳои хотиравӣ ҳадя гардид. Бонувон аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва ҲХДТ, ки сарварии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда доранд, шод шуда, шукри соҳибистиқлолӣ ва амну осоиштагии кишварро баён карданд.