
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки занони фаъол, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузаронида шуд.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси К умитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода кушода, қайд намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Мо бо азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Зан -модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъулем, ки ба ин мавҷуди офаридаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.
Дар охир як қатор занону модарони фаъолбо туҳфаҳои хотиравии ҳизбӣ сарфароз гардонида шуда, бо намоиши барномаи фарҳангӣ хотири ҳамагон шод гардонида шуд.