БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАРИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БО ТУҲФАИ ҲХДТ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУД

КӮШОНИЁН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсиятҳое, ки ба халқу Ватан хизмати содиқона намудаанд, дар ҳар иду айём ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдом арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи ин шахсон маҳсуб меёбад.

Ба ин хотир,  кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар арафаи Рӯзи модар ба аёдати яке аз занҳои  фаъолу пешқадами ноҳия, ки дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ содиқона хидмат кардааст, Бободонқулов Ойишаро  аёдат намуда, аз вазъи саломатӣ ва зиндагии ин модари меҳнатдӯст шинос ва ба ӯ  туҳфаи идонаро тақдим намуданд. Иқдоми неку шоиста  аз ҷониби собиқадори меҳнат бо дилгармии хоса қабул карда шуда, ташаббуси инсондӯстонаро давоми ғамхориҳои Роҳбари давлат арзёбӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg