БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН АЗ ДУШМАН НАМЕНОЛАМ, КИ ДУШМАН, ДУШМАН АСТ

ВОКУНИШ. Мусаллам аст,ки баргузору  муайян намудани натиҷаҳои интихобот ин ваколати на шахсиятҳои бегонаву хориҷӣ, балки ваколати истисноии  КМИРИ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

           Дар Ватани маҳбубамон Тоҷистони азиз интихоботи вакилон ба парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқ тибқи меъёрҳои Конститутсия ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ гузаронида шуда халқи Тоҷикистон, бо рӯҳияи баланди худогоҳиву худшиносӣ ба участкаҳои интихоботӣ рафта, ба ҷонибдории ҳизби халқпарвар ва номзадҳои арзандаи он  раъй  доданд.

         Мутаассифона, баъзан ВАО ё сомонаву шабакаҳои интернетӣ, алалхусус бо номи Ахбор.ком бо маълумотҳои бардурӯғ ва иғвоангез мехоҳанд, ки  обрӯю  нуфузи  Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ  паст  гардонанд.  Бояд  ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ донанд,ки  ин ҳама иғвоангезиҳои Ахбор.ком ғайриқобили қабул буда миёни мардум танҳо ихтилоф ангехта ба ҳамдиливу якдигарфаҳмии инсонҳо ва сулҳу суботи саросарии кишваре ё ҷаҳони муосир хатарафзост.

         Бояд ҳатмӣ, ин неруҳои мухолиф бояд нигоҳи созанда дошта бошанд на ин,ки сӯзанда.

         Ин сомонаҳои Ахбор.кому дигар сомонаву шабакаҳои интернетӣ, фаромӯш накунанд, ки дар ҷараёни баргузории интихоботи вакилон ба парлумони кишвар ва интихоботҳои Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ,  мушоҳидони  байналмилалӣ аз давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон  қариб, ки аз ҳама участкаҳои интихоботии қаламрави Тоҷикистон дидан кардаву ба баргузории он баҳои баланди сиёсӣ додаанд.

         Халқи Тоҷикистон ба касе ва ҳеҷ яке аз ВАО-и хусусиву дигар сомонаву шабакаҳои  интернетӣ ҳуқуқе намедиҳад, ки  интихоботи мо, ки тақдири худи миллату давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол асту интихобот ифодаи олии халқ аст, ба он тобиши иғвоангезонаи сиёсӣ диҳанд.

Садҳо афсус,ки аксар он масъулини сомонаву шабакаҳои интернетӣ, худ аз миллати тоҷиканд.

Ман аз душман наменолам,ки душман душман аст охир,

                Ман аз он дӯст менолам,ки кори душманӣ дорад.

         Боварӣ ҳаст, ки халқи азизи кишвар, нигоҳ накарда ба дасисаву иғвоҳои беасоси рақибони сиёсии миллату давлат, ки кори душманӣ доранд, аз натиҷаҳои ҷамъбастии баргузории маъракаи муҳими сиёсии гузаронидашуда бо дарки баланди масъулият қаноатманду розӣ буда ба маслиҳату насиҳатии аҷнабиён, барои ояндаи давлату миллати хеш таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қудамҳои устувор хоҳанд гузошт.

Муҳаммадовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg