БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

АНДЕША. Имрӯз аз амалҳои фоҷиабори террористию ифротгароӣ  дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон азият мекашанд. Бар асари ҳамлаҳои таррористӣ садҳо нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар макону манзили зишташонро тарк карданд ва  карда истодаанд. Зарари иқтисодиву иҷтимоии расонидаи террористон ба садҳо миллиард мерасад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  дар баъзе кишварҳо неруҳое ҳастанд, ки аз терроризму экстремизм ба сифати як хадамоти махсуси таъсиррасонӣ ва роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ истифода мекунанд. Шоҳиди онем, ки дар ҷаҳон раванди рақобату муборизаҳо шиддат гирифта, нишонаҳои дубора  паҳн гардидани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида  мешавад.   

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш дар конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе  дар мавзӯи “ Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” аз ҷумла қайд намуда буданд, ки: “Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.

   Мутассисифона, баъзе давлатҳо дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуб муносибат ва рафтори духела  доранд, ки инро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси дуюми байналмилалии дар шаҳри Душанбе баргузоргардида  қайд намуда буданд:

“... муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароии хушунатомез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона” – ро намепазирад. Баракс чунин мавқегирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад”

  Боиси ёдоварист, ки мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъии мардумро талаб менамояд. Моро зарур аст, ки дар асоси таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “террорист ватан, миллиат, дину мазҳаб надорад ва он худиву бегона шуда  наметавонад”, ба терроризму экстремизм  муборизаи беамон барем.

       Насиба Маҳмадуллоева, мутахассиси шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg