БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОВОЗАҲО АСОС НАДОРАНД, БА ОНҲО БОВАР НАКУНЕД!

АНДЕША. Зиёда аз ду моҳ мешавад, ки ҷаҳониён аз пайдо ва паҳн гардидани  бо ном Коронавирус дар ташвишанд. Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумораи гирифторони ин беморӣ то имрӯз аз 90 ҳазор нафар гузаштааст,  ки 80 ҳазорашро сокинони Чин ташкил медиҳад. Тибқи гузориши манбаъҳои иттилоотӣ ин беморӣ ҳоло дар саросари ҷаҳон дар ҳолати паҳн шудан аст ва талафоти ҷониро дар пай дорад.

    Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани шаҳрвандон аз эҳтимолияти сироятёбӣ ва паҳн гардидани бемории Коронавирус дар мамлакат,   аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар гузаргоҳои сарҳадӣ, роҳи оҳан, майдони парвоз ва дар байни  мардум    чорабиниҳои пешгирӣ аз ин беморӣ гузаронида мешавад. Зеро дуруст фармудаанд, ки пешгирии беморӣ аз табобати он чандин маротиб осон аст.

   Вале чунин чорабиниҳои санитарию эпидемиологӣ  (дар ин ҷо ба таври аниқ гуфта намешавад, лекин тахминан гуфтан мумкин аст, ки аз тарафи савдогарони бозор)  боиси  овозаҳои бардурӯғ, ки гӯё бозору мағозаҳоро мебанданд, дигар аз хориҷи кишвар ягон намуди маҳсулот ворид карда намешавад ва чандин бо ҳамин монанд суханони воҳимаангез, паҳн карда  шуд.  

 Баъди шунидани чунин овозаҳои бардурӯғ мардуми зудбовар чун сел ба бозор рехтанд  ва дар байни як- ду соат тамоми захираи орди дар анборҳо муддати зиёд  хобидаро бо нархи аз аввалааш 30 -  40 сомонӣ зиёд харидорӣ намуданд. Касоне, ки  дар ин кашмокаши  ордгирӣ бенасиб монданд, дар фикри аз куҷо дастрас намудани орд, шабро мижа таҳ накарда,  рӯз намуданд.

    Бинед, ки як овозаи бардурӯғ ба  савдогарони бозор чӣ фоида оварду ба мардуми зудбовари мо чӣ зарар?

   Коронавирус чунин бемориест, ки одам дар сурати риоя намудани ҳолати тозагии худ ва асосан  дасту рӯю даҳону бинӣ  ва истеъмоли хӯрокҳои безараргардондашуда  сироят намеёбад. Дар  бораи пешгирии ин беморӣ ҳамарӯза аз тариқи радио ва телевизион намоиш, суҳбату маслиҳатҳои мутахассисон шунавонида ва пахш карда мешавад.

  Ҳифзи саломати шаҳрвандон вазифаи давлат аст ва давлат барои ҳифзи саломатии мардум тамоми чораҳоро меандешад. Як роҳи пешгирии ин беморӣ ба бозор ва дигар ҷойҳои серодам бе зарурат нарафтан  аст. Мумкин ҳолатҳое шавад, ки як муддат хондани намозро дар масҷидҳо боз доранд. Мо набояд чунин  воҳимаҳоро  дар байни мардум паҳн намоем.

    Дар фарҷом ба ҳамдиёрон гуфтаниам: Ба овозаҳои бардурӯғ дода нашавед. Дар Тоҷикистон чи тавре аз баромади масъулин аз тариқи телевизон огоҳӣ доред, захираи хӯрока, аз ҷумла орд барои тамоми мардум барои чандин сол мерасад. Бинобар ин бозори савдогаронро гарм ва нархи маводи озуқаро боло набардоред.

 Хоҳишмандем, пеши роҳи   шахсонеро, ки чунин овозаҳоро паҳн менамоянд,  бигиред.

    Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg