
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сазовор истиқбол намудани Рӯзи Модар - 8 март вохӯриву суҳбатҳо оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа дар ташкилотҳои ибтидоҳизбӣ ва маҳаллаю деҳаҳо баргузор намуд.
Чунин чорабинии идона дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Баҳор” бахшида ба Рӯзи Модар озмуни «Бонуи ҳунар» бо иштироки занону духтарони маҳлла баргузор гардида, дар он занону духтарон фаъололна ширкат варзида, маҳсули бо дастони худ офарида, аз ҷумла хӯрокҳои миллӣ, тарзи дастурхонороӣ ва пухтупази ҳар гуна хӯришҳоро ба намоиш гузоштанд. Озмуни мазкурро роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷамъбаст намуда, занону бонувони фаъолро бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард.