БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲЕҶ КАС НАГИРАД ҶОЙИ МОДАР...

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба Рӯзи Модар дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Норак бо фаъолзанон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.      

Зимнан намояндагони ҳизбӣ  аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла дӯзандагиву пазандагии занону модарони чирадаст  дидан карда, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд доданд.

Сипас, бо сухани табрикотӣ масъулин чорабиниро  ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки модар ягона шахси мунису ғамхор барои фарзанд аст. Бо қалби бузургу дастони ҳаётофаринаш зиндагии моро нур мебахшад. Барои фарзандаш омода аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Мо фарзандон ҳам бояд ба қадри модар бирасему ӯро дӯст дорем, меҳрубон бошем. Зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии зан ҳеҷ аст.

Инчунин, дар идома суҳбат чанде аз занону модарони ҷамъомада доир ба ситоиши зан-модар, бузургии дили модар ва нақши зан дар зиндагӣ  андешаҳои хешро баён дошта, аз ташкилкунандагони чорабинии идона изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Дар охир иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб қадрдонӣ карда шуда, чорабинӣ бо суруду таронаҳои дилангез  анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg