БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ҲИЗБ ҶУЗЪИ БАРНОМАҲОИ РУШДИ КИШВАР АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сиёсати онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд, тавассути фаъолияти бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ, бо дарки масъулияти зиёд ва қудрати зеҳнии аъзоаш, бо дастгирии нерӯҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ нақши ҳалкунанда бозид.

Баҳри татбиқи самтҳои афзалиятноки  Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни оммаи васеи ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ  доир гардида истодааст.

Ин навбат дар  ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Бохтариён” доир шуда, намояндагони ҳизбӣ нуктаҳои муҳими Паёми имсола ва Барномаи ҲХДТ-ро ба дарки ҳамагон расонида,  зикр намуданд, ки татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат вазифаи мо шаҳрвандони ватандӯст мебошад ва ҳар яки моро лозим аст, Паёми Пешвои миллатро ҳамчун раҳнамо барои ояндаи босаодатамон дар кору фаъолияти ҳаррӯзаамон истифода барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg