
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи №27 Равшанзода Абдувалӣ дар партави Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” бахшида ба истиқболи сазовори Рӯзи модар аёдати шахсиятҳое, ки ба халқу Ватан хизмати содиқона намудаанд, ба роҳ монданд, ки чунин иқдому ташаббуси ватандӯстона аз ҷониби занону модарони собиқадор бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҷонибдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат изҳор доштанд.