
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таӽсилоти миёнаи умумии №9-и деӽаи Пушёни миёнаи ҷамоати деӽоти ба номи Худоёр Раҷабов вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан роӽбарияти Кумитаи иҷроия дар оғози суҳбат қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз доштанд, ки «Паёми имсола ба мақоми олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иктисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад».
Дар охир андешарониҳои судмандро ҳамагон муҳим арзёбӣ карда, амалҳои террористиро сахт маҳкум карданд.