БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛЗАНОН БО ТУҲФАҲОИ ҲХДТ САРФАРОЗ ГАРДОНИДА ШУДАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  иштироки кормандони Кумитаи   иҷроияи ҲХДТ   дар шаҳри Бохтар дар ташкилотии ибтидоии  “Фаровон- Қӯрғонтеппа”  бахшида ба Рӯзи модар озмуни ҳизбӣ  таҳти унвони    “Аллаи модар”  чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. 

Зимнан дар оғози  чорабинӣ  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи  шаҳрии ҳизб ва дигар шахсони масъул  аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки занону модарони тоҷик маҳсули дастони хешро  ба намоиш гузошта буданд, дидан карда,ба маҳорати ҳунармандони асил баҳои  хуб ва барои  сайқал додани ҳунару ҳунармандӣ тавсияҳои судманд доданд. Сипас, дар қисмати сиёсии чорабинӣ  масъулин дар бораи  бузургии модар, мақому манзалати зан- модар ва  нақши онҳо дар давлатдории навин ва  имрӯзҳо аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда  мешавад, суханронӣ карда,  аз занону бонувони соҳибкор даъват ба амал оварданд, ки ба ғамхориву дастгириҳои  Пешвои миллат сазовор бошанд.   

Дар  охир бахшида ба Рӯзи модар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Модари меҳрубон”  доир гардида, зиёда аз   300  маводҳои таблиғотӣ  дастраси ҳамагон карда шуда,  ба 10 нафар занону бонувони фаъол туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҳизб тақдим карда шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg