БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР НУР МЕГИРАД

Ҷ.Балхӣ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори Қасри фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроия Абдулҳаев Маҳмасаид бо суханҳои табрикотӣ оғоз намуда,  иброз дошт, ки имрӯзҳо ба истиқболи Рӯзи модар дар саросари кишварамон чорабиниҳои идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Шоистаи таҳсин аст, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати роҳбарияти кишварамон қадрдонӣ намудани фаъолияти бисёрҷабҳаи занону модарон маҳсуб меёбад. Бешак, сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат тамоми аҳолии кишварро дар рӯҳияи ҳифзу эҳтироми Зан-Модар, ки калиди тарбияи насли ҷомеа дар дасти ӯст, роҳнамоӣ мекунад. Ин сиёсати зиндагисозу ибратомӯз аз анъанаҳои беҳтарини илму адаби ниёгонамон сарчашма гирифта, моро ба сӯи хушахлоқӣ, хушсуханӣ, некрафторӣ ва дигар хислатҳои ҳамида, ки ҷавҳари одамиятро ташкил мекунанд, ҳидоятгар аст.

Сипас,  фаъолзанон, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ нақши бориз доранд,  бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, чорабинии идона  бо барномаи рангини фарҳангӣ анҷом ёфт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg