БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз ҳақиқат то бофтаҳои хаёлии Мирзо Салимпур доир ба натичаи пешакии интихобот

Ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол сараввал ифтихормандии хешро бо он иброз менамоям, ки имрўз сиёсати давлатдории мо таҳти сарварии шахси оқилу доно Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистааст, ки миллати сарбаланди тоҷикро зери як идеологияи устувору созанда муттаҳид созад. Онро мо дар баргузории  интихоботи вакилон ба ҳама зинаҳои вакилӣ дар соли ҷорӣ  шоҳид шудем.

    Шоҳиди он ҳам будем, ки ҳамдиёронамон бо як дили гарму рўҳияи болида назди қуттиҳои овоздиҳӣ омада, ба хотири рушди ояндаи давлату миллат ба тарафдории номзадҳои арзанда  овоз доданд.

    Ҳамаи ин дар маҷмуъ далолат аз амну осоиштагии мамлакат, демократияи саросарӣ, дуруст дарк намудану пайравӣ аз сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат ва маҳз Сарвари хирадманди мамлакат мебошад.

   Барои ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар ин мояи ифтихор ва шараф аст ва мо низ аз ин пуштибонӣ менамоем.

  Аммо баъзе курбинону нотавонбинон ин пешравию муттаҳидиро дидан намехоҳанд ва ба ҳар роҳу васила мехоҳанд дар чашми ҷаҳониён тоҷику тоҷикистониёнро пастфитрат  нишон диҳанд.

  Яке аз чунин фолбин(гадалка)-и  асри 21 Мирзо Салимпур аз кадом як манбаъи дуруѓ ё  шояд бо орзуе хуфта дар хоб дида бошад, ки хизбе, ки шумораи аъзояш дар саросари Тоҷикистон аз 2 ҳазор нафар беш нест (манзури мо ҲСДТ)  қариби 29%-и овозҳои интихобкунандагонро гўё дар интихобот соҳиб гардида бошад. Бо назардошти  мавқеи шаҳрвандӣ аз «оѓо»-и  Мирзо Салимпур  як чизро пурсиданием, ки ҳамон манбаъатонро бозгашта такрор ба такрор  назар карда бинед, ки шояд хато карда бошед ва ё ба бофтаи хаёлии навбатӣ  мехоҳед қалбҳоятонро ором ва рӯҳатонро болида гардонед!? Зеро ҳақиқат ҳамеша талх аст, вале бояд онро эътироф намуд! Имрўз Ҳизби Сотсал-демократи Тоҷикистон ҳамчун нерўи сиёсӣ дар фазои сиёсии кишвар ба он андозае, ки шумо ва ҳамтоёнатон гумон мекунед, муқтадир нест.

   Хуб мебуд ҳангомаю тангназариро як сў мемондеду ба ҳақиқат сарфаҳм мерафтед! Ин ҷо панди бузургонро ироа медорам, ки  ҳақиқат ниҳон нест, камбудӣ дар хиранигоҳон. Мардуми Тоҷикистон акли расою чашми бино доранд, ва медонанд, ки кадом аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеа чӣ мақому чӣ арзиш дорад!

 

                                 Абдуҷаббор Неъматов –сокини ноҳияи Ш.Шоҳин   

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg