БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИГИЛИСТОНИ СОМОНАҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ АХБОР-КОМ ВА ИСЛОҲ-НЕТ ДАР САҲНАИ ЛУХТАКБОЗИИ НАВБАТИАШОН!

ВОКУНИШ. Воқеан пас аз хондани матлаби нашршуда дар сомонаҳои Ахбор-ком ва Ислоҳ-нет, ки ба қавли худи иғвохабарчиёни сомона  метавон ин маводи нашршударо “саҳнаи нави чақ-чақи нигилистон” ном гузошт шармам омад, чун ки ин матлабашон касро натанҳо ба нафрат, ки дурӯғи сирф аст, балки ҷаҳон-ҷаҳон аз хондаи ин маводи бевиҷдонона ва рӯйсиёҳиашон ба ханда меояд, хонанда...

Магар ин фирқа одамон намедонанд, ки натиҷаи расмии интихоботро танҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ячейкаҳои холиси он дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, инчунин берун аз он, ки дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар таъсис дода шудаанд, бо такя ба овози додаи худи шаҳрвандони кишвар муайян ва эълон менамоянд. Ба қавле ин сомонаҳои ифротӣ бо маводҳои навиштаи худ, ки дар онҳо ҳисси бадбинӣ, нобоварӣ ва ҳатто тафриқаандозиву хурофотпарастӣ барин хислатҳои касбиашон мисли оина намоён буда, мақсадҳои шумашон пасипардагиву супоришӣ ба назар мерасад, ки боиси таҳлили ҷиддӣ аст. Дар ин маврид мо сокинони кишварро зарур аст, ки ба ин маводҳои мӯғризонаашон баҳои ҳаққонии маънавӣ дода, зираку ҳушёр ва дар мавқеи худ устувору шуҷоъ бошем. Масъулини ин сомонаҳо фикр карданд, ки бо нашри ин маводи хому беасосашон мавқеи шаҳрвандии сокинонро тобеи худ мекунанду бо роҳи қаллобӣ ба бовариашон медароянд, ки ин хобест бе таъбир. Шахсан ман дар рӯзи интихобот бо истифода аз мавқеи шаҳвандӣ ва ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба участкаи интихоботӣ рафта, ба тарафдории ҳизби боваринок ва номзадҳои арзандаам овоз додам. Бо истифода аз ақлу заковат, шуур ва фаҳмиши худ дар чеҳраи ҳар як шаҳрванди ҳузурдошта ман ҳисси шодӣ ва масъулияти баланди сиёсиро пай бурдам, ки ин далел фикр мекунам раднопазир аст, чунки ин таҳлили маро нозирони байналмиллалӣ низ тасдиқ кардаанд.

Ин сомонаҳо далелҳои қолабӣ, беасос ва иғвоангез нашр намуданд, ки ҳеҷ ба ҳақикат наздикӣ надоранд. Аз ин рӯ аз сохторҳои масъул, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, прократура ва суд хоҳиш мекунам, ки нисбати ин амали манфиатҷӯёнаи “рӯзноманигорон”-и тафриқаандоз ва корбарони сомонаҳои зикргардида баҳои ҳуқуқӣ диҳанд.

Ман ҳамчун як шаҳрванди комилҳуқуқ натиҷаҳои қолабии нашркардаи ин сомонаҳоро қатъиян маҳкум карда, эълони натиҷаи КМИР ҶТ-ро эътироф мекунам. Ман ҷонибдории худро аз иттилои додаи расмии раиси КМИР ҶТ изҳор медорам, ки чунин қайд кардаанд: “Дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба тарафдории Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 700 ҳазору 582 нафар ё 16,50%, ба тарафдории Ҳизби Демократии Тоҷикистон 216 ҳазору 526 нафар ё 5,10%, ба тарафтории Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон 705 ҳазору 252 нафар ё 16,61%, ба тарафдории Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон 132 ҳазору 49 нафар ё 3,11%, ба тарафдории Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон 218 ҳазору 696 нафар ё 5,15 %, ба тарафдории Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон 13 ҳазору 735 нафар ё 0,32% ва ба тарафдории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 2 139 741 нафар ё 50,40% овоз додаанд.”

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки ҳизбҳои сиёсие, ки ба тарафдории онҳо 5% ва зиёда аз он интихобкунандагони дар интихобот иштироккарда овоз додаанд, миқдори зерини мандати вакилиро соҳиб шуданд.

“Ҳизби Аграрии Тоҷикистон бо 16,50% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Демократии Тоҷикистон бо 5,10% 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон бо 16,61% 4 мандати вакилӣ, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон бо 5,15 % 1 мандати вакилӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо 50,40% 12 мандати вакилиро соҳиб шуданд”.

Боиси зикр аст, ки дар маҷмӯъ 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад.

Бо дарки ин маънӣ ба гурӯҳҳои манфиатхоҳ гуфтаниам, ки як лаҳза дар доираи қонун зиндагӣ кардан беҳтар аст аз миллион соли зиндагӣ дар беқонунӣ, ки асосаш торикӣ, разолат ва ҷаҳолат аст. Аз ҳамсафону хамватанонам хоҳиш мекунам, ки нисбати ин масъала бетаваҷҷуҳ набошанд ва ба маводҳои мӯғризонаи гурӯҳу сомонаҳои ифротӣ ҷавобҳои сазовору мувофиқ гардонанд.

Амирзода Аловуддин, коршиноси масоили сиёсӣ ва ҷамъиятӣ.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg