БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ РОҲНАМОИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрие, ки дар деҳаи Токак бо  иштироки фаъолонаи кормандони роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг баргузор карда шуд, ҳозирин бо нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи ҲХДТ - самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020 – 2025, шинос карда шуданд. 

Мавсуф  зимни суханронии худ дар бораи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суханронӣ карда, қайд намуд, ки  Барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg