БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МАҶМӮИ АНДЕШАҲОИ ОЯНДАСОЗ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Темурмалик  дар  ташкилоти ибтидоии “Сартез”  вохӯрӣ  баргузор  намуданд. 

Масъулин   дар суҳбат дар бори  татбиқи асосҳои  Паёми имсола,  самтҳои муҳими Барномаи ҲХДТ ва эълон гардидани солҳои  2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки ки  рушди   соҳаи  сайёҳӣ  самти  афзалиятноки  сиёсати  давлатӣ    ба  ҳисоб  рафта,  ҷиҳати  боз ҳам  тараққӣ  додани  он  аз  ҷониби  Ҳукумати  мамлакат  вобаста  ба  пардохти  андоз  ва  боҷҳои  гумрукӣ  як  қатор  имтиёзҳо  пешбинӣ  гардидаанд.  Аллакай,  дар  зарфи  як соли  эълон  гаштани  “Солҳои  рушди  деҳот,  сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ”  дар  деҳоти  мамлакат  як  қатор  пешравиҳо  ба  назар  расида,  рушди  сайёҳӣ  ва  омӯзиши  ҳунарҳои  мардумӣ  идома  ёфта  истодааст.

 Инчунин  иброз  гардид,  ки  ҲХДТ  ба  хотири  амнияти  миллӣ,  фаъолияти  бомаром  ва  самараноки  сохторҳои  давлатӣ  ва  ниҳодҳои  ҷомеаи  шаҳрвандӣ,  иродаи  равандҳои  иҷтимоию  сиёсӣ  ва  ҳимояи  онҳо  аз  зуҳуроти  номатлуби  ифротгароию  терроризм,  қочоқи  маводи  мухаддир,  одамрабоӣ  ва  дигар  равияҳои  тафриқаангези  динию  мазҳабӣ,  ки  ҳадафи  онҳо  бо  роҳи  зӯрӣ  ба  даст  овардани  ҳокимият,  аз байн  бурдани  сохти  конститутсионӣ  ва  вайрон  кардани  тамомияти  арзии  давлат  мебошад,  дар  доираи  қонунҳои  амалкунандаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пайваста  талош  меварзад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg