БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАСТУРУ ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО ҶОНИБДОРАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Заргар бо сокинони деҳаи Киров ҷиҳати тарғиби Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи ХҲДТ барои солҳои 2020-2025 мулоқот баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат доир ба муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, зикр намуданд, ки  зимни ироаи Паёми навбатии хеш Пешвои миллат кайд намуданд, ки «Ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат мекунам, ки то ҷашни мукаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.»

Дар охир  андешарониҳои судмандро сокинон якдидлона пазируфта, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ-ро мо мардуми сарбаланди кишвар бо ҷону дил  татбиқ менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg