БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБЛИҒОТ ТАВАССУТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Кӯшониён барои  сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ноҳия дар партави  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ корҳои созандагиву ободонӣ баргузор шуда истодааст.

Ташаббуси ватандӯстонаи ҳизбиёнро ҳамагон бо хушнудӣ пазируфта, дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи  деҳаи Механизатор корҳои ободонӣ ташкил карда шуд, ки сокинон, аз ҷумла ҷавонон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ба ҳашари умумӣ баромада, ҷӯйборҳои обгузарро ва гирду атрофи роҳи деҳаро аз партовҳо тоза карданд. Чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад!” бо истифода аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ  ташкил карда мешавад ва дар он сокинон иштироки фаъолона менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg