БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи  Паёми навбатӣ ва Барномаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии   “Шуғли аҳолӣ”  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал масъулин дар суҳбат  таъкид карданд, ки Паём дастурамалӣ   муккамалест аз ҳадафҳои олии кишвар, ки ба ҳар як шаҳрванд роҳнамои асосии зиндагии дурахшон  мебошад.  Пешвои миллат дар Анҷумани ҲХДТ  қайд намуданд: “Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар Паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад.”

Инчунин,  мавсуф дар рафти суҳбат аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди  ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона иштирок намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg