
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва нозирони миллӣ, зимни суҳбат Шарифҷон Ҳакимзода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намоем, ки дар ҷаласаи Ситоди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб натиҷаҳои пешакӣ ҷамъоварӣ ва баррасӣ гардида, ба Ситоди вилоятӣ ирсол шуданд. Дар рафти Ситоди мазкур Ҳакимзода Шариф низ иштирок намуда, бо роҳбарият ва аъзои Ситод, шахсони боэътимод, инчунин, бо мушоҳидони миллӣ аз ҲХДТ барои фаъолияти муташаккилона ва бо самарашон дар рафти интихобот изҳори минатдорӣ баён намуд.
Инчунин,дар идома қайд гардид, ки интихоботи мазкур барои кормандони ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дар маҷмуъ барои ҳамаи мо ҳизбиёни Кӯлоб як мактаби бузурги сиёсӣ буд. Ҳамчунин, то рӯзи интихобот бо мушоҳидони миллӣ аз ҲХДТ 5 маротиба семинар-машварат бо даъвати шахсони ботаҷриба ва масъулину котиби ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ баргузор гардид.