БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ПУШТИБОНИ ЗАН-МОДАР

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Даври омӯзишии "Аз модар то роҳбар" бо ҷавондухтарони фаъол аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки фаъолон, собиқадорон дарсҳо дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мегардад.

Дар курси мазкур ин навбат директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и ҷамоати деҳоти Даҳана Саидзода Соро ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суҳбат Саидзода Соро иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин изҳор карда буданд: "Маҳз ба ҳамаи масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷомеаи устувор ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем". Имрӯз занони саодатманду сарбаланди тоҷик дар тамоми сохторҳои давлатӣ кору фаъолият намуда истодаанд, ки нақши занон сол аз сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар гашта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg