
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Беморхонаи репродуктивӣ" вобаста ба расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯри масъулин таъкид намуданд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон изҳор доштанд: “Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем. Ҳарчанд, ки натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад”. Аз ин рӯ мебояд ҳар як табиб бо дили поку меҳнати содиқона ба Ватан хизмат намояд.
Дар охир иштирокчиёни маҷлис ба сухан баромада, таъкид карданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.