
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ намуда буданд, дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Қубодиён суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.
Вобаста ба масъалаи зикр гардида дар ташкилоти ибтидоии ба номи “Мирзо Турсунзода” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат”, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардида, масъулин вобаста ба масъалаҳои болозикр андешаронӣ намуда, аз ҷамъомадагон ҷиҳати татбиқи дастур супоришҳои Роҳбари давлат, ки аз Паём бармеояд, даъват ба амал оварданд.