БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ТАЛОШ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ МЕКУНЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи ичроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Вахш  дар  ташкилоти ибтидоии «Сохтмон» - и  ҷамоати деҳоти Тоҷикобод  вохӯрӣ  баргузор намуданд.

Зимни суҳбат  намояндагони ҳизбӣ аз  нуктаҳои муҳими Паёми имсола ва самтҳои афзалиятноки Барномаи ҲХДТ  барои солҳои 2020-2025  ёдоварӣ карда, қайд намуданд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид. Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Сипас, мулоқот бо суолу пешниҳодҳои  сокинон вобаста ба масъалаҳои зикршуда  анҷом ёфта, ҳамагон аз ин вохӯрии судманд ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg