БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАКИМ ХУДОЙБЕРДИЕВ: “РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ КАФОЛАТИ ЭМИН МОНДАН АЗ КОРОНАВИРУС АСТ”

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, ки дар Ҷумҳурии мардумии Чин вирусе бо номи вируси тоҷдор ё худ коронавирус хуруҷ карда, бо суръат дар баъзе аз музофотҳои ин кишвар ва хориҷ аз он паҳн гардид. Ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии тандурустӣ дар саросари олам ҳолати фавқулода эълон карда шуд.

Хабарнигори “Ҳамрози халқ” вобаста ба ин масъала бо Ҳаким Худойбердиев, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон, суҳбати ихтисосие доир намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

   – Нахуст мехостам мухтасаран оид ба вируси тоҷдор маълумот диҳед.

   Ташаккур! Аз тариқи ВАО аҳолӣ огоҳ аст, ки коронавирус дар яке аз шаҳрҳои Ҷумҳурии мардуми Чин пайдо шудааст. То ин замон буданд вирусҳои зукоммонанд, аз қабили зукоми паранда, хук ва дигар, ки инсоният онҳоро сарбаландона пушти сар намудааст. Ин ҳам як намуд вирусе мебошад, ки бештар аз роҳҳои нафас аз як нафар ба нафари дигар интиқол меёбад. Танҳо фарқияташ дар он аст, ки ин вирус дар баробари ба чашм ноаён буданаш, ҳамчун мавҷудоти зинда барои афзоиш додани насли худ мубориза мебарад.

Аз нуқтаи назари илми тиб ин навъи вирусҳо структураи генектикии худро дигар мекунанд. Ба кадом хотир? Ба он хотир, ки бо муҳити атроф муқовимат карда тавонад.  

Инро ҳам бояд бигӯям, ки вируси тоҷдор барои инсоният бегона нест. Он соли 1965  ҳам хуруҷ намуда буд.

Микробҳое ҳастанд, ки дар муҳити атроф: дар ҳаво ё дар об мавҷуданд, аммо дар баробари бе тағйир монданашон афзоиши чашмрас намекунанд.

- Нишонаҳои аввалини ин бемори чӣ гуна буда метавонад?

    – Организми инсон хусусияте дорад, ки ҳар чизи бегона ба он ворид шавад, зидди он мубориза мебарад. Агар аҳамият дода бошед, ҳангоми ҳама бемориҳои сироятӣ аввал ҳарорати беморро месанҷанд. Баландшавии ҳарорат аз он далолат медиҳад, ки дар организми инсон чизи бегона ворид гаштааст,  организм зидди он мубориза бурда истодааст ва дар натиҷаи ин мубориза ҳарорат баланд гаштааст. Инро дар тиб як ҳолати муҳофизатии организм меноманд.

Мушоҳида карда бошед, имрӯзҳо дар тамоми гузаргоҳҳо барои муйян намудани ин беморӣ дар мадди аввал ҳарорати бадани инсон санҷида мешавад. Ҳароратсанҷҳои сканӣ ё худ сканатермоҳои нав пайдо шуда,  ҳароратро дар масофа чен мекунанд.

 

- Роҳҳои асосии паҳншавии ин вирус кадомҳоянд?

    – Ин вирус асосан ба воситаи ҳавою қатрагӣ сироят мекунад. Яъне шахси сироятёфта ҳангоми суҳбат кардан ё атса задану сулфидан ба шахси дар масофаи 1,5-2 метрбуда ин вирусро интиқол менамояд. Аз ин лиҳоз, беҳтар мебуд, агар шаҳрвандон дар ҷойҳои серодам бе зарурат ҳозир нашаванд, дар сурати зарурат аз ниқобҳо истифода намоянд. Истифодаи ниқобҳо қоидаҳои худро доранд. Аввалан, ниқобро чунон бояд истифода намуд, ки даҳону бинӣ пурра маҳкам бошаду аз ягон ҷояш ҳавои мустақим ворид нашавад. Дувум ин ки муҳлати истифодаи ниқобҳо ҳамагӣ 6-8 соат аст. Баъди гузашти ин муддат онро бояд иваз намоянд. Чунки қудрати муҳофизатии он ҳамин қадар мебошад. Дар сурате, ки ин ниқобҳо аз пахта истеҳсол шуда бошанд, онро ба муддати 15 дақиқа дар об ҷӯшонида, хуб дарзмол карда, дубора истифода бурдан мумкин аст.

Дар баробари ин ба гигиенаи шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ додан хуб аст. Масалан, дар сурати бо даст ба шахси бемор салом кардан ва дастони худро ба чашмон ё даҳону бинӣ расондан метавонад ин вирус интиқол ёбад ё ин ки аз сачоқе, ки шахси мариз истифода кардааст, набояд дигарон аз он истифода намоянд.

- Ин вирус аз дигар вирусҳо чӣ фарқ дорад?

- Фарқияти асосии вируси тоҷдор дар он аст, ки вай аз худ заҳри таксинии бештар ҷудо мекунад. Ана ҳамон таксине, ки аз вирус ҷудо мешавад, барои узвҳои нафаскашии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Фарқияти дигараш дар он мебошад, ки агар дар зукомҳои қаблӣ оризаҳо дар рӯзҳои сеюм-чоруми сироятёбӣ аз худ дарак диҳанд, дар коронавирус аз рӯзи аввал оризаҳо маълум мегарданд. Дар сурати нарасонидани кӯмаки аввалини тиббӣ инсонро ба фавт оварда мерасонад. Аз ин лиҳоз, шахси сироятёфта бояд дар рӯзҳои аввал ба табобати махсус фаро гирифта шавад.

 

- Дар муқобили ин вирус бештар кадом табақаи аҳолӣ осебпазиртар маҳсуб меёбад?

- Дар назди ин вирус аз ҳама бештар кӯдакон ва пиронсолон осебпазиртар мебошанд, чунки узвҳои нафаскашӣ ё ба таври дигар гӯем, масунияти кӯдакон дар ҳоли инкишофёбист ва аз пиронсолон дар ҳоли заиф шудан қарор дорад. Аз ин лиҳоз, ба ин ду табақаи аҳолӣ бояд бештар аҳамият дода шавад.

Дар баробари ин аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки бадани худро аз сармохӯрӣ эҳтиёт намоянд, чунки ҳангоми сармохӯрӣ масунияти бадан суст мегардад, ки ин боиси ба осонӣ гирифтор шудан ба ин беморӣ шуда метавонад.

- Оё ин беморӣ табобат дорад?

- Дар ҳоли ҳозир, ки бар зидди ин вирус ягон ваксина истеҳсол нашудааст, ягона роҳ ин табобати синтоматикӣ мебошад. Яъне дар сурати баланд будани ҳарорат онро паст фаровардан лозим. Агар шуш шамол хӯрда бошад, ягон усули муътадил кардани фаъолияти шуш гузаронида мешавад ё ин ки дил номунтазам кор кунад, аз доруҳои ба эътидоловарандаи фаъолияти дил истифода кардан лозим меояд.

 

- Чӣ бояд кард, то аз ин беморӣ эмин монд?

- Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, вирусҳои зукоммонанд асосан дар фасли зимистон хуруҷ мекунанд, ки сабабаш паст будани масунияти бадан мебошад. Аз ин лиҳоз, хуб мебуд, агар шаҳрвандон барои баланд бардоштани масунияти бадани худ кӯшиш намуда, бештар аз маҳсулотҳои ширӣ ва меваю сабзавот истифода намоянд ва дар баробари ин аз хариду истеъмоли маҳсулот ва хӯрокҳои тезтайёри кӯчагӣ худдорӣ намоянд.   

Баъдан либосҳои беморро дар об на камтар аз 15 дақиқа ҷӯшондан даркор. Ҳамчунин, зарфҳои мавриди истифодаи беморро бо маҳлули 1-фоизаи содаи хамир ё бо маҳлули 0,5-фоизаи маводҳои хлордор безарар гардонидан ба мақсад мувофиқ аст. Ҳамчунин, ҳавои хонаро зуд-зуд иваз намудан даркор.

 

         - Дар сурати мушоҳидаи ҳолати гирифторӣ ба ин вирус чӣ бояд кард?       

- Агар дар муассисаҳои томактабӣ, муасисаҳои таълимӣ ё корхонаю хона дар нафаре аломатҳои шубҳанок пайдо шавад, пеш аз ҳама, ба маркази ёрии таъҷилӣ занг задан зарур ва то расидани табибон шахси беморро дар утоқи алоҳида нигоҳ доштан зарур аст. Агар чунин имкон надошта бошанд, дар байни хона парда кашанд, то аз ин беморӣ дигарон сироят наёбанд.

 

- Байни мардум сару садоҳое паҳн гаштааст, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам вируси тоҷдорро ба қайд гирифтаанд. Оё ин овозаҳо воқеият доранд?

- Инҳо танҳо овозаанду бас. Ва ҳарчанд, хушбахтона, то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси тоҷдор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо бепарво ҳастем. Яъне мо бояд ҳама вақт дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем. Ба замми ин, бояд ба гигиенаи шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ диҳем.

                                                                                                   

                                                              Шуъбаи иттилоот ва матбуоти

                                                              КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg