БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВИРУСИ ТОҶДОР (КАРОНАВИРУС) ЧИСТ?

Ин намуди вирус, ки хуруҷи он дар давлати Чин ба вуқӯъ омадааст, барои аҳли ҷомеа хатарнок мебошад. Агар бо микроскоп ҳангоми озмоиш дар болои ин намуди вирус аҳамият дода шавад, болои он бо пардаи тоҷмонанд пӯшида шудааст. Аз ин ҷост, ки вируси тоҷдор ном гирифтааст. Ин ба гурўҳи коронавирусҳое дохил мешавад, ки пеш аз ин ҳам алангаи якчанд намуди бемориҳоро ба миён овардааст.  Инҳо эпидемияи шадиди вазнини роҳҳои нафас (илтиҳоби ѓайритабиии шушҳо), ки соли 2003 ва бемориҳои роҳҳои нафас дар Шарқи Наздик соли 2012 ба фавти 35 %-и беморон расонида буд. Барандагони ин вирус асосан ҳайвонот буда, ба инҳо мушҳои обӣ ва мор дохил мешаванд.

Алангаи  марговари коронавирус аввалҳои моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани давлати Чин ба вуқӯъ омада имрўзҳо дар чандин давлатҳои дунё  тез паҳн гаштааст.

Аломатҳои саршавии ин бемори ҳарорати баланд, сулфазани, нафастангӣ, дарди сар яъне ҳамаи он нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ба монанди зуком мебошанд. Дар фарқият аз нишонаҳои бемории зуком ин беморон агар сари вақт ба табобат фаро гирифта нашаванду ба худмуолиҷа даст зананд, дар онҳо оризаҳои беморӣ хусусан дар узвҳои роҳи нафас, шушҳо сар мезанад. Агар одаме, ки организмаш масъунияти суст дошта бошаду ба ин беморӣ дучор гардад, дар муҳлати кӯтоҳ ба оризаҳои вазнин ва фалаҷшавии организм оварда мерасонад.

Ҳангоми паҳншавии ин вирус усулҳои оддии пешгирии натиҷанок мавҷуд мебошанд, ки ба инҳо дохил мешаванд гигиенаи шахсӣ ба монанди шустушӯи дастон, истифодабарии ниқобҳои тиббӣ, ки барои муҳофизат кардани худ ва дигарон аз ин беморӣ мебошад.

 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод менамояд, ки барои мубориза бурдан барои ин вирус:

- дастон бо собун тоза шуста, бо маҳлули антисептикӣ безарар гардонида шавад,

- истифодабарии рӯймолчаҳои яккаратина ва ниқобҳо.

-гушт ва тухмҳоро пеш аз истифодабарӣ ба таври хуб ҷушонидан пеш аз истеъмол.

- аз алоқамандӣ бо ҳайвоноти ваҳшӣ ва хонагӣ дур шудан мусоиддат мекунанд.

                                                                    Файзалӣ Назаров

                                                               доктори илмҳои тиб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg