БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХУД НАТИҶАГИРӢ КАРД

Дар толори Кумитаи иҷрои Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати ҷамъбасти фаъолияти ситодҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва натиҷагирӣ аз интихоботи вакилон бо иштироки аъзои ситоди вилоятӣ ҷаласа доир гардид.

   Дар ҷаласа қайд гардид, ки интихоботи рӯзи 1-уми марти соли 2020 бо риояи қоунунҳои амалкунандаи мамлакат бо ширкати  фаъоли интихобкунандагон дар сатҳи баланди сиёсӣ шаффофу демократӣ баргузор гардид.

 Зикр шуд, ки рӯзи интихобот дар 1088 участкаҳои интихоботии ҳудуди вилоят 50,7%  аз шумораи умумии раъйдиҳандагон ба ҷонибдории ҲХДТ овоз доданд.

  Тибқи натиҷаҳои пешакӣ дар интихобот аз 14 номзаде, ки аз ҳавзаҳои якмандатӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба тариқи конференсияҳои ҳизбӣ пешбарӣ гардида буданд, 11 нафарашон муваффақ гардиданд. Дар 3 ҳавзаи  якмандатӣ аз ҷумла Бохтар №26,  Муъминобод №38 ва Восеъ №39 номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ бинобар сабаби гирифтани шумораи ками овозҳо ба вакилӣ мушарраф нашуданд.          

     Ҳамчунин аз 69  номзаде, ки ба тариқи конференсияҳои ҳизбӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ гардида буданд, 65 нафарашон муваффақ шуда, ду номзад бо сабабҳои муайян номзадияшонро пас гирифтанд. Аз ҷумла, дар ҳавзаи Бохтар №3 ва ҳавзаи Қубодиён № 40.  Дар ҳавзаи Дӯстӣ №66 низ номзади пешбаринамудаи ҲХДТ бинобар сабаби гирифтани шумораи ками овозҳо ба вакилӣ мушарраф нагардид. Аммо дар ҳавзаи Бохтар №3 ва Қубодиён 39 узви ҲХДТ, ки бо тариқи худпешбарӣ номзадияшонро гузошта буданд, бо гирифтани аксарияти овозҳо ғолиб омаданд. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ дар маҷмӯъ 97,1 % -и овозҳоро номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ дар интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба даст оварданд.

     Дар робита ба интихоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо бошад, дар ҳудуди 944 ҳавзаи интихоботии шаҳриву ноҳиявии вилояти Хатлон аз ҷониби ҲХДТ номзадии 923 нафар ба тариқи конференсияҳои ҳизбӣ пешбарӣ гардида, 884 нафарашон муваффақ гардиданд. Ҳамчунин 18 нафар узви ҲХДТ, ки бо тариқи худпешбарӣ номзадии худро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо пешбарӣ намуда буданд бо гирифтани шумораи зиёди овозҳо мушарраф шуданд.  Дар маҷмӯъ 902  номзади ҲХДТ дар интихоботи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо тибқи натиҷаҳои пешакӣ муваффақ шуданд, ки 95,5 % ро ташкил медиҳад.

Шаҳбози Искандар - Котиби Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg