БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ УНСУРИ АСОСӢ ВА МУҲИМИ СИЁСАТ АСТ!

АНДЕША.Аз саҳфаҳои интернет хабарҳои муғризонаи беасоси "Ахбор.сом", ва «Паём нет» -ро хонда, боз ҳамон дасисабозон ва хиёнаткорони солҳои гузашта пеши назарамон ҷилвагар шуд.

Интихобот ҳамчун падидаи шакли зарурии инъикоси ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аст. Он воситаи асосӣ ва ҳатто дар баъзе давлатҳо шакли беҳтарин ё ягонаи иштироки воқеӣ дар сиёсат ва идораи корҳои ҷамъиятию давлатӣ мебошад. Интихобот воситае мегардад, ки шаҳрванд дар ин раванд бевосита иштирок намуда, номзади фаъол ва арзандаи худро интихоб менамояд, ё худ мавриди интихоби дигарон қарор мегирад ва ба василаи интихобот ба ҳокимияти марҳилаҳои сиёсӣ ворид гардад.

Мархалаи дигаре, ки дар раванди маъракаи интихоботӣ муҳим аст, марҳилаи натиҷагирӣ ё худ эълони ниҳоии раъйи додашуда ба номзадон аст. Дар ин марҳала нақши нозирон, шахсони боэтимоди номзадон ва воситаҳои ахбори омма муҳим аст. Чун онҳо бевосита раванди ташкил, баргузор ва натиҷагирӣ аз интихоботро назорат менамоянд. Нозирон ва мушоҳидон, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ барои назорати маъракаи интихоботӣ сафарбар карда мешаванд вазифаи назорат карданро иҷро менамоянд.

Боиси қайд аст, ки 17 феврали соли 2020 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар дар доираи омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҳти роҳбарии Пол Эберхард мулоқот намуда, дар ҷараёни суҳбат аз рафти омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ, ки то имрӯз аз ҷониби Комиссия амалӣ гаштаанд, ёдовар шуда, қайд намуд, ки Комиссия дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии кишвар барои субъектони иштирокчии раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳаё намудааст.

Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд бо хушнудӣ пазируфта, онро дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбӣ арзёбӣ намуд.  

Фаромуш набояд кард, ки мо аз воқеаҳои сиёсӣ, найрангбозиҳои як гурӯҳ мансабталошон ва ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои гузашта дарсу сабақ омӯхтем, шукри онро мекунем, ки имрӯзҳо дар замони тинҷу ором, дар ҳалқаи ёру дӯстон ҳаёт ба сар бурда истодаем.

          Аммо имрӯзҳо баъзе нохалафон дидаву дониста бо даъвоҳои беасос ва нодида майнаи мардумро дар рафти интихоботҳои парлумони ва президентӣ, ки соли 2020-ум дар кишвари мо баргузор мегардад, халал ворид намоянд. Аммо чуноне, ки мардум мегўянд: “Кур як бор ба чоҳ меафтад”. Мардуми Точикистон солҳои 90-уми асри гузашта, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии худ аз камтаҷрибагӣ ва ноуҳдабароии роҳбарони ҳамонвақта, ки дар Тоҷикистон ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои гуногун таъсис ёфта, ҳар кадоме мехост лаҷоми давлатдориро ба даст гирад, Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Шаҳди он нооромиҳо ва дарду доғи онро мардуми азияткашида ҳеч гоҳ фаромӯш намекунад. Он рӯзҳои сангин баъди ба сари давлат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар гардида, ҳеҷ гоҳ аз ёди мардум намеравад. Мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз Пешвои миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ софдилонаю содиқона меҳнат намуда, дар созандагию бунёдкорӣ, пешрафту тараққиёт ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Боиси қайд аст, ки интихоботи имсола дар ҷумҳуриямон барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун як ид буд. Яъне дар ин рӯз овоздиҳандагон бо як рӯҳияи баланд ва ифтихори ватандӯстӣ раъй доданд.

 

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот

 ва матбуоти Кумитаи иҷроияи

 ҲХДТ дар шаҳри Левакант                                        Суҳроб Валиев

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg