БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ МОДАРОНУ ЗАНОН ДАР ТАҲКИМ ВА РУШДИ ҶОМЕА АРЗИШМАНД АСТ

АНДЕША. Бо шарофати фазои пурнишоти истиқлолияти комили кишвар ва ваҳдату субботи ҷомеа мардуми Тоҷикистон ҳамасола дар кишвари озоду ободи тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин иди бузург, фархунда, яъне Рӯзи модар ҷойгоҳи махсус дошта, ба як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

         Аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати кору рӯзгори мо занон бетараф набуданд. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати зан-модар дар Тоҷикистон бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо кард.

         Дар васфи ситоиши зан-модар, бону ва чароғи хонадон, ходими давлатию ҷамъиятӣ, тарбиятгари фарзанд ва насли ҷавон то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат ва самимӣ эҷод гардидааст. Ҳанӯз дар аввалин китобҳои шоирону нозимон, олимону эҷодкорон симои зани тоҷик ҳамчун фарди озодманишу озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳандӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

         Боиси ифтихор аст, ки имрӯз зан-модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, хирадманду фарзона паҳлавонони ҷасур, ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поку боиффати худ тарбия карда, ба камол расонидааст. Инчунин, дар баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли наврас, ҳамзамон, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар ва соҳибкори муваффақ буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.

         Дар ҳар давру замон занон ба меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллатамон нақши сазовори худро гузоштанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки инсоният ба ӯ эҳтиёҷ дорад. Зеро маҳз ӯ гавҳораи инсониятро меҷунбонад, ӯ ҳасту ҳаёт боқист, ӯ ҳасту чароғи хонадони мо равшан, баракати рӯзгори мо фаровон ва муҳаббат дар ҷомеаи инсонӣ пайдост.

         Модар чӣ хел калимаи ширину дилангез аст. Вақте, ки модар мегӯем, тамоми рӯҳу баданамонро эҳсосоте фаро мегирад, ки аз он мо ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканор ва ҷовидона аст. Ҳар модар аз фарзанди худ меболаду ифтихор мекунад ва то зинда аст, доимо дар фикри зиндагии осудаи ӯ умр мегузаронад. Падару модар ҳаққи бисёре ба фарзандон доранд, ки аз ин рӯ, нафрин  ё дӯояшон таъсири қатъӣ ба зиндагии фарзанд мегузарад.

         Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад ва тавре, ки бузургон гуфтаанд, "Бо як дасти худ гавҳора ва бо дасти дигараш сайёраро меҷунбонад". Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Модар дар тамаддуни кӯҳан ва имрӯзаи мо мақом ва нақши ниҳоят арзишманд дорад. Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими  зиндагӣ, идоракунии оила ва фазои орому осударо таъмин месозад ва "Тоҷи шараф низ аз дуои модар аст".

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки "Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накукориро мекорад, то ояндаи насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносиву меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад". Ҳусни ҳаёт файзи зиндагонии мо аз Модар аст ва ӯ ситораи тобонест, ки бо нерумандии худ роҳи фарзандро дар тули зиндагӣ равшан месозад. Модар нахуст устоди фарзанд аст ва бо ақлу фаросаташ ботини ҷигарбандашро пок нигоҳ дошта, ӯро дар рӯҳияи накукорӣ, ҷавонмардӣ, доништалабӣ ва меҳанпарастӣ ба камол мерасонад.

         Бори дигар бо фарорасии фасли зебои сол ва ҷашни  пуршукуҳи Рӯзи модар ҳамаи занону модарони кишварро  самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтӣ, тансиҳатӣ, саодати ҳамешагӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Модаронро ҳамеша дӯст доред ва иззаташро ба ҷо оред! Рӯзи модар муборак ҳамватанони азиз!

                                     

                                                             

                                                              Мудири шуъбаи кор бо занони                                                                                Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри                                                                        Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg