![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200223_100110.jpg?itok=ZKc7RAaI)
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Лангардара вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинон баргузор гардида, дар он нуктаҳои муҳими Паёми навбатӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки фарогири масъалаҳои муҳими ҷомеа мебошанд, мавриди тарғибу ташвиқ қарор дода шуданд.
Масъулин зимни ибрози андеша, аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва самтҳои муҳими афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ё довар шуда, афзуданд, ки Паёми имсола чун Паёмҳои қаблӣ самтҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат дарҷ гардидаанд, мо метавонем дар фаъолияти ҳаррӯзаамон ҳамчун дастурамали корӣ истифода барем ва барои боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми назррас гузорем.