БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – РОҲНАМОИ СОКИНОН БА АМАЛҲОИ СОЗАНДА

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти  ибтидоии деҳаи  «Устокорон»-и  ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.

Масъулин зимни суҳбат атрофи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, тарбияи дурусти  фарзандон дар доираи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда,аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки  саҳм гузоштан дар  пешрафти меҳан   вазифаи ҷонии  мо сокинон аст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg