БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ МУСОИДАТ НАМУД

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба тарғибу ташвиқи Барномаи ХХДТ барои солҳои 2020 - 2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти  ибтидоии деҳаи  “Султонобод”-и  ҷамоати деҳоти Пахтаобод ноҳияи  Шаҳритуз  вохӯрӣ доир гардид.

Намояндгони ҳизбӣ дар суҳбат аз нуктаҳои асосии Паёми имсола  ёдовар шуда, зикр намуданд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шудааст.

Сипас, моҳияти Барномаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баррасӣ карда шуда, бо суолу пешниҳодҳои сокинон  ҳамоиш анҷом ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg