БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

САДА ОҒОЗИ КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Фатҳобод»-и Ҷамоати деҳоти Панҷ мулоқот  баргузор гардид.

Зимни суханрони масъулин қайд намуданд, мардуми сарбаланду фарҳангдӯсти тоҷик тӯли ҳазорсолаҳо таъриху тамаддун, расму оинҳои ниёгони хешро нигоҳ дошта, то ба имрӯз ба мо мерос гузоштаанд. Сада низ амсоли ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргон маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё ва рушду нумӯ ёфт. Инак, соли панҷум аст, ки дар сар то сари Ватани азизамон ҳамагон ҷашни Садаро таҷлил менамоянд. Ҷавҳари аслии Сада аз ҷанбаи инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр иборат мебошад. Муҳим аз ҳама Садаро ниёгони мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон - Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд, ки ин оғози кишту кори баҳорӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg