
ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «М.Иқбол»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни чорабинии мазкур масъулин қайд карданд, ки Паёми навбатии Пешвои миллатро бо итминони комил метавон дастур, оина ва раҳнамоии воқеии худшиносии миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард, зеро дар он Пешвои миллат ба таври воқеӣ ба муҳимтарин рукнҳои худшиносии миллӣ- чун забон ва гиромидошти он мутолеаи китоб ва фарҳанги китобдориву китобхонии тоҷикон, шинохти манзалати таърихии миллати тоҷик, муаррифӣ ва тарғиби дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва мероси ғании бузургони миллат, ки саршори ғояҳои худшиносии миллӣ ба шумор мераванд, шарҳу тафсир ёфта, дар ин замина барнома ва ҳадафҳои наҷибу бузург муқаррар гардидаанд.