
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонї”-и ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар бораи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ҳарф зада, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.
Ҳамчунин, дар идома моҳияти Паёми Президенти мамлакат ба сокинон шарҳ дода шуда, иброз гардид, ки Паёми Президенти мамлакат пеш аз ҳама дастури кории ҳар яки мо буда, моро лозим аст аз Паём вазифаҳои дахлдори худро гирифта, ҷиҳати амалї намудани он кӯшиш ба харҷ диҳем.