БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ ШАҲРВАНДОНРО АЗ ҲАДАФҲОИ ОЛИИ ХУД МЕДОНАД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Себитон”-и ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин дар бораи бандҳои Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.  Инчунин, дар идомаи суҳбат  моҳияти Паёми навбатӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки  ҳамагон расонида шуданд, ки аз ин мулоқоти судманд сокинон ба худ таассуроти нек бардоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg