
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати фаҳмонида додани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳрдорӣ” бо сокинон вохӯрӣ доир карда шуд.
Ҷамъомадагон аз баромади намояндагони ҳизбӣ дар бораи ҳуҷҷати ояндасоз Паёми навбатӣ маълумоти пурра пайдо намуданд. Дар охир таъкид шуд, ки дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳми арзанда гузоштан масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад ва ҳар як фарди ватандӯстро мебояд дар рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон талош варзад.