БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЙЗ МЕХОҲӢ АГАР, ОБУ ЗАМИНРО ҚАДР КУН...

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” ҷиҳати омӯзиши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Барномаи  ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар назди ҷамъомадагон намояндагони ҳизбӣ  дар бораи Паёми солона суханронӣ карда, иброз доштанд, ки сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад.

Моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем. То имрӯз дар самти азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми қариб 2 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст ва ҳоло чунин лоиҳаҳо ба маблағи 665 миллион сомонӣ идома доранд.Дар охир масъалаҳои дигар  мубрами рӯз  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби масъулин ба суолҳои ҷамъомадагон посухҳои мушаххас гардонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg