БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ҶОНИБДОРИ СИЁСАТИ ПЕШГИРИФТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣВохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ-2”  баргузор гардид.

Масъулин зимни баромадҳо оид ба  самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Ҳоло дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Дар доираи ин лоиҳаҳо мо ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем. Соли 2019 таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ идома дорад.

Дар охир аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки  ҷиҳати расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат дар самти рушду тараққиёти кишвар  даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg