БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ ДАСТГИРӢ ЁФТ

ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Кормандони и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант  дар маҳаллаи Обшорони шаҳр бо мақсади амалӣ намудани Аксия ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як қатор корҳои назаррасе бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар қисмати амалии чорабинӣ  сокинон  бо як рӯҳбаландӣ сиёсати пешгирифтаи  Роҳбари давлат ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот дар таъмири роҳҳои маҳаллаи  навбунёд, ки  таъмирталаб буданд, машғул шуда, ба воситаи техникаҳои пуриқтидори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр роҳҳоро тахту ҳамвор намуданд.

Дар охир намояндагони ҳизбӣ  зимни суҳбат сокинон барои иштироки фаъолона дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, саҳм гузоштан дар рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз даъват намуданд.

Инчунин, масъулин  доир ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва дуруст ба роҳ мондани амалҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд,  суханронӣ намуда, аз иштирокдорон ҷиҳати  иштироки фаъолона дар Аксияи ҳизбӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg