БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БА ХОТИРИ ОБОДИИ ВАТАН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шиноъхти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза дар кӯчаву маҳал, корхонаву ташкилот,  мактабу бунгоҳҳои тиббии ноҳияи Кӯшониён  корҳои ободонӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  дар доираи Аксияҳои ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” ва “Якҷоя ҳал мекунем!”  гузаронида мешаванд.

Чунин корҳои ободонӣ дар гӯшаву канори  ноҳия, аз ҷумла  деҳаву маҳал вусъати тоза касб намуда, аъзо ва ҷонибдорони  ҲХДТ  бо шукргузорӣ аз фазои  сулҳу суботи кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи болида  дар амалҳои созанда саҳм гузошта истодаанд. Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии  “Қизилбайрақ” - и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  корҳои ободонӣ дар партави Аксияҳои ҳизбӣ доир карда шуда,  сокинон гирду атрофи деҳа ва  паҳлуҳои роҳҳои мошингардро аз алафҳои бегонаи худрӯй ва ҳаргуна  партовҳо тозаву озода намуданд. Ин иқдоми нек аз ҷониби шаҳрвандон бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҳамовозии хешро пайдо намудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg