БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИТОБ БА КАБИРӢ

Рафти интихоботро чандин ҳазор нозирони байналмилалӣ ва минтақавӣ назорат ва баҳогузорӣ намуданд.

   Мардум субҳи барвақт бо либосҳои идона ва табъи болида ба участкаҳои интихоботӣ омада, барои пешрафту тараққиёти кишвари азиз-Тоҷикистон, ояндаи худу фарзандонашон овоз   доданд.

   Рафти интихобот аз тариқи воситаҳои ахбори омма аз ҷумла радиою телевизион ба таври мустақим инъкос карда мешуд. Аз намоишҳо ҷаҳониён диданд ва фаҳмиданд, ки интихобот дар кишвари мо дар асоси талаботи қонун шаффоф, озод ва демократӣ баргузор гардидааст.

     Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  душмани  миллат - раиси Ҳизби террористии наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ аз рӯи одат  дар мусоҳибааш интихоботи дар Тоҷикистон баргузоршавандаро  “анҷоми гуногунандешӣ” номид.

   Ба ақидаи ӯ дар Тоҷикистон озодӣ, гуногунандешӣ, демократия вуҷуд надорад. Интихобот озод, шафоф ва ба таври демократӣ баргузор намегардад.

  Шояд дар чунин ҳолат, ҳолате, ки  одами пастсифат, аз дур нодидаю  нашунида сухани ноҳақ,  ғаразнок ва  туҳматангезро бофтаю сохта мегӯяд,  барои аз ин роҳи бад баргардонидан ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо чандин панду андарзҳоро бузургони мо ба мерос гузоштанд. Аз ҷумла “дурӯғ гуфтанро торикии имон, заволи умр”гуфтаанд. Вале Кабирӣ на   торикии имонашро фикр мекунаду на заволи умрашро. Чизе бар забон ояд мегӯяд.

     Агар чунин мешуд, ки ту худат Кабирӣ  рафти интихоботро дар участкаҳои интихоботӣ назорат мекардӣ, медидӣ, ки дар хонаи овоздиҳӣ овоздиҳанда медонаду Худо, ки ӯ ба тарафдори кадом номзад ва ҳизбҳои сиёсӣ овоз медиҳад. Оё ҳамин ҳолат аз шаффоф, озод ва демократӣ будани интихобот дар Тоҷикистон дарак намедиҳад? Ё шумо ягон намуд “демократия”- и дигар доред. 

  Дар мусоҳибаи навбатиат  ҳам бисёр кӯшидӣ, ки   худ ва Ҳизби наҳзати исломро мӯсичаи бегуноҳ нишон диҳӣ. Ҳатто аз номи ҳизбатон калимаи “ислом”- ро бардоштанӣ будаед. Вале фаромӯш накунед, ки  “намади сиёҳ ба шустан сафед намешавад”.

     Ман дар анҷом ба шумо як чизро  мегӯям. Мардуми Тоҷикистон дигар он мардуми солҳои навадум нестанд, ки ба ҳар иғво, фитнаи туву ҳаммаслаконат  бовар кунанд. Аз ин, рӯ дигар зӯр зада дӯрӯғбофию дурӯғгӯӣ накун!

     Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg